Питер Крауч - Гарет Бейлро тавсиф кард

Питер Крауч - Гарет Бейлро тавсиф кард
Ҳамлагари собиқи бошгоҳи "Тоттенҳэм Ҳотспур" – Питер Крауч дар бораи бозгашти ҳамлагари "Реал Мадрид" – Гарет Бейл ба тариқи иҷора ба тими лондонӣ ҳарф зад:
«Ӯ як зарра ҳам тағйир наёфтааст. Гарет нисбат ба "Манчестер Юнайтед" зиёдтар ҷоми Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст, мушкилоти молиявӣ надорад, аммо ба ман бовар кунед, ӯ ҳанӯз ҳам ташнаи рақобат  аст.
Ӯ мехост, ки дубора хушбахт бошад. Ҳоло, ки Бейл хурсанд аст,  голҳоро аз чап, рост ва марказ мезанад.
"Тотенҳэм" кори бузурге кард, ки аз байни он дастаҳое, ки ба Бейл таваҷҷуҳ доштанд, тавонист бозингарро ба даст орад.
Ман намегӯям, ки афсонае ба нақша гирифта шудааст, аммо ҳама аз гузариши ӯ шоданд - бозигарон, бошгоҳ, мухлисон. Умедворам, ки Бейл муваффақ хоҳад шуд ”, - гуфт Крауч.
Гуфтан ба маврид аст, ки футболбози уэлсӣ дар солҳои 2014, 2016, 2017 ва 2018 бо "Реал Мадрид" Лигаи чемпионҳоро ба даст овардааст. "MЮ" бошад, Лигаи Чемпионҳоро дар солҳои 1968, 1999 ва 2008 моли худ сохтааст.