Погба дастаи навашро эълон кард

Погба дастаи навашро эълон кард

Ниммуҳофизатгари фаронсавии дастаи “МЮ” Пол Погба омодааст, ки дар мавсими ҷорӣ ба ҳайати “ПСЖ” гузариш кунад. Ба маълумоти сарчашма Погба интизори пешниҳод аз “Реал” буд, аммо аз сабабе, ки “Реал” дар трансфери тобистона ягона футболбоз харидорӣ намекунад, Пол нақшаашро иваз намуда, акнун омодааст, ки ПЛА-ро бо Лигаи 1 иваз намояд.

Инчунин дастаҳои “Ювентус” ва “Барселона” низ ба қаҳрамони ҷаҳон таваҷҷуҳ доранд. Қарододи ҳамкорӣ байни “МЮ” ва Погба то 30-юми июни соли 2021 амал мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Пол мавсими ҷориро дар ҷароҳат гузаронидаистодааст.