Погба Юнайтедро ба зинаи аввал баровард

Погба Юнайтедро ба зинаи аввал баровард

   Бозии мавқувмондаи даври 1-уми Премйер-лигаи Англия бо иштироки дастаҳои “Бёрнли” ва “Манчестер Юнайтед” баргузор шуд. Барои футболбозони шаҳри Манчестер ғалаба дар ин дидор басо муҳим буд. Дар сурати ғалаба манчестериҳо ба зинаи аввал мебаромаданд. То ин бозӣ шумораи холҳои “МЮ” ва “Ливерпул” баробар буданд. Танҳо бо нишондодҳои иловагӣ даста аз Мерсесайд дар зинаи аввал қарор дошт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Тёрф Мур” сурат гирифта бо ғалабаи меҳмонон ба анҷом расид. Голи ягонаи дидори мазкурро Пол Погба дар дақиқаи 71-уми қувваозмоӣ ба номи худ мӯҳр зад. Муаллифи партофти головар Маркус Рэшфорд шуд. Дар 14 бозии охир Рэшфорд дар 11 голи “МЮ” иштироки бевосита дорад (6 гол ва 5 ассист).

Ҳамин тариқ дастаи “Манчетсер Юнайтед” баъд аз ин ғалаба 36 имтиёзро соҳиб шуда аввалин маротиба баъд аз мавсими 2017/18 ба зинаи аввал баромад. “Ливерпул” бо 33 хол дар зинаи дуввум аст. Бозии навбатии “МЮ” маҳз бар зидди дастаи “Ливерпул” хоҳад буд. “Бёрнли” пас аз ин давр мавқеи худро тағйир надода дар зинаи 16-ум боқӣ монд.