Покери Роналду ба Португалия ғалаба овард

Покери Роналду ба Португалия ғалаба овард

Мунтахаби Португалия дар бозиҳои марҳилаи интихобии Евро-2020 бо тими Литва майдондорӣ кард. Рақобати дастаҳо ҷолибнок доир шуда, бо ҳисоби калони 5:1 ба суди португалиҳо поён ёфт. Дар ин набард ҳамлавари соҳибноми меҳмонон Криштиану Роналду ба задани чор гол ё покер даст ёфт. Як тӯби дигари қаҳрамони феълии Чемпионати Аврупоро Виллиам Карвалю ба ҳадаф расонид. Ягона голи мизбононро Андрюшкевичюс муаллифӣ намуд. Дар ҳоли ҳозир Португалия бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи B қарор дорад.

Чемпионати Аврупо

Марҳилаи интихобӣ

Гурӯҳи B

Литва — Португалия — 1:5 (1:1)

Голҳо: Криштиану Роналду, 7 —пеналти (0:1). Андрюшкевичюс, 28 (1:1). Криштиану Роналду, 62 (1:2). Криштиану Роналду, 65 (1:3).
Криштиану Роналду, 76 (1:4). Виллиам Карвалю, 90+2 (1:5).

Литва: Шеткус, Миколюнас, Палионис, Гирдвайнис, Андрюшкевичюс, Сливка, Шимкус, Воробев, Куклис (Жулпа, 69), Вербискас (Казлаускас, 77), Лаукжемис (Петравичюс, 65).

Португалия: Руй Патрисиу, Жоау Канселу, Рубен Диаш, Жозе Фонти, Рафаэл Геррейру, Невеш, Виллиам Карвалю, Бруну Фернандеш (Рафа Силва, 56), Криштиану Роналду (Гонсалу Гедеш, 79), Жоау Феликс, Бернарду Силва (Пиззи, 89).