Politico шахсиятҳои калидиро дар гирди Инфантино дар ФИФА номбар кард

Politico шахсиятҳои калидиро дар гирди Инфантино дар ФИФА  номбар кард

Ҳуқуқшиноси итолиёвӣ Марио Галлавотти як шахсияти калидии пасипардагӣ замони бӯҳронии ФИФА аст: нуфуз ва нақши ӯ дар лоиҳаҳои баҳсбарангез саволҳои ҷиддиро ба миён меорад, хабар медиҳад Politico.

Ба гуфтаи манбаъ Галлавотти, ки президенти ФИФА Ҷанни Инфантиноро беш аз 20 сол мешиносад, яке аз шахсони бонуфузтарин дар миёни ҳамсафони раҳбари федератсия ҳисобида мешавад. Ӯ масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ ва тиҷоратиро баррасӣ мекунад.

Галлавотти дар таҳкими муносибатҳои ФИФА бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла мизбонии Ҷоми ҷаҳон ва бастани шарикиҳои бузург нақши муҳим бозидааст. Ӯ инчунин дар як қатор баҳсҳои футболӣ дар Ховари Миёна даст доштааст.

Кормандони собиқи ФИФА иддао доранд, ки Галлавотти ба кори кумитаҳои гӯё мустақил таъсир мерасонад ва аз механизмҳои интизомии федератсия барои пешбурди манфиатҳои Инфантино истифода мебарад. Ӯ инчунин ба фош кардани ҷузъиёти нақшаи махфӣ барои ҷалби сармоягузории хусусӣ ба лоиҳаҳои марбут ба Ҷоми Ҷаҳон муттаҳам мешавад.