“Порту” дар чемпионати Португалия аз “Арука” мағлуб шуд

“Порту” дар чемпионати Португалия аз “Арука”  мағлуб шуд

Рӯзи душанбеи 12-уми феврал бозии даври 21-уми чемпионати Португалия миёни дастаҳои “Арока” ва “Порту” баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи шаҳрии Аруки доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Рафа Мухика, Дэвид Ҷейсон ва Кристо Гонсалес (пеналтӣ) голҳоро аз ҳайати ғолибон ба самар расониданд. Эванилсон (пеналтӣ) ва Франсиско Консейсао ба дарвозаи «Порту» гол заданд. Илова кардан мехоҳем, ки дар дақиқаи 90+6 ҳимоятгар Фабио Кардосо корти дуюми зардро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки «Порту» бо 45 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Португалия дар ҷойи сеюм ва “Арока” бо 28 имтиёз дар ҷои ҳафтум мебошанд.