Португалия бидуни Роналду дарвозаи Люксембургро торумор кард

Португалия бидуни Роналду дарвозаи Люксембургро торумор кард

Дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо 2024 мунтахабҳои Португалия ва + ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Алгарве” дар ҳузури 18 932 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 9 бар 0 ба фоидаи португалиҳо анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати мунтахаби Португалия Гонсалу Инасиу (ду маротиба), Гонсалу Рамуш (ду маротиба), Диогу Жота (ду маротиба), Рикарду Орта, Бруну Фернандеш ва Жоау Феликс ба самар расониданд.

Дар ин бозӣ ситораи мунтахаби Португалия – Криштиану Роналду бинобар зиёд доштани корти зард, ширкат надошт. Роналду дар 11 бозӣ муқобили Люксембург ба задани 11 гол ноил гардидааст, ки ин рекорди ҷаҳонӣ аз ҳисоби голҳо дар ҳайати мунтахабҳо мебошад.

Ҳамчунин, мунтахаби Португалия зери роҳнамоии Роберто Мартинес дар 6 бозии марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо 2024 дар 6 бозӣ, 6 ғалаба дошта, шумораи умумии тӯбҳо 24:0 мебошад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот Португалия бо 18 имтиёз пешсаф аст. Словакия бо 13 имтиёз дар зинаи дуюм ва Люксембург бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм маскан гирифтаанд.

Дар даври оянда, рӯзи 13-уми октябр Португалия бо Словакия ва Люксембург бо Исландия андари майдони рақобат мешаванд.