Португалия бо мушкили бар Словения ғалаба карда, дар даври ¼-ниҳоӣ бо Фаронса бозӣ мекунад
Бозии даври ҳаштякниҳоии Чемпионати Аврупо -2024 миёни мунтахабҳои Португалия ва Словения ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Дойче банк Парк”-и шаҳри Франкфурти Олмон баргузор шуда, ба фоидаи тими миллии Португалия фарҷом ёфт.
Вақти асосии бозӣ миёни мунтахабҳои Португалия ва Словения бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт ва бозӣ ба вақти иловагӣ тӯл кашид. Дар дақиқаи 105-уми дидор пас аз вайрон шудани қоидаи бозӣ муқобили Диогу Жота довар ба дарвозаи Словения зарбаи пеналти таъйин кард. Криштиану Роналду пеналтиро дуруст иҷро кардан натавонист. Ян Облак самти тӯбро пайхас кард ва онро бартараф намуд.
Бенямин Шашко аз ҳайати Словения ду ҳолати як ба як бо дарвозабонро истифода бурда натавонист. Пас аз иштибоҳи Пепе дар яке аз ҳолатҳои ба миён омада, Диогу Кошта дарвозабони мунтахаби Португалия зарбаи Шашкоро бо маҳорати баланд бартараф кард.
Ҳамин тавр, вақти иловагии бозӣ ҳам мусовӣ бидуни гол анҷом ёфт ва ғолиб тариқи зарбаҳои пеналти мушаххас карда шуд.
Зарбаҳои пеналтиро аз ҳайати мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду, Бруну Фернандеш ва Бернарду Силва бе хато иҷро карданд. Йосип Иличич, Юре Балковетс ва Бенямин Вербич аз ҳайати тими Словения зарбаҳои пеналтиро дуруст иҷро карда натавонистанд. Кошта тавонист, ки 3 пеналтиии бозигарони мунтахаби Словенияро пайиҳам баргардонида исмашро дар таърихи Евро сабт кунад. То кунун ҳеҷ дарвозабон ин корро анҷом надода буд. Диогу Кошта беҳтарин бозигари вохӯрии мунтахабҳои Португалия ва Словения дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки Словения бори аввал дар таърихи хеш дар марҳилаи плей-оффи Евро иштирок кард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ тими миллии Португалия бо мунтахаби Фаронса андари майдони рақобат хоҳад шуд. Ғолиби ин ҷуфтро дар марҳилаи нимниҳоӣ ғолиби ҷуфти Испания ва Олмон интизор аст.