Португалия бо Ҷоми ҷаҳонии 2026 видоъ гуфт
Мунтахаби Испания ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт. Дастаи Луис де ла Фуэнте дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ мунтахаби Португалияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Эй-ти-энд-ти”-и шаҳри Арлингтони иёлати Техаси ИМА баргузор шуда, онро довари англис Энтони Тейлор ҳакамӣ кард.
Қаҳрамони вохӯрӣ нимҳимоятгар Микел Мерино гардид, ки дар дақиқаи 90+1 ягона голи бозиро ба самар расонда, пирӯзиро ба тими худ ҳадя кард.
Бо ин ғалаба Испания роҳхати даври чорякниҳоиро ба даст овард ва дар ин марҳила бо тими миллии Белгия рақобат хоҳад кард.
Ин вохӯрӣ эҳтимолан охирин бозии Криштиану Роналду дар таърихи Чемпионатҳои ҷаҳон буд, зеро капитани Португалия қаблан эълон карда буд, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 охирин мусобиқаи ҷаҳонии фаъолияти ӯ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина аст.