Португалия ғолиби Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25

Финали Лигаи миллатҳои УЕФА миёни мунтахабҳои Португалия ва Испания ба анҷом расид. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Алянс-Арена”-и шаҳри Мюнхен дар ҳузури 65 852 нафар мухлис доир шуда, ба суди тими миллии Португалия ба анҷом расид.
Ҳисоб дар дақиқаи 21-уми бозӣ аз ҷониби ниммуҳофизатгари тими миллии Испания Мартин Субименди кушода шуд. Дар дақиқаи 26-уми бозӣ дифоъгари тими миллии Португалия Нуну Мендеш аз паси головари Педру Нету истифода намуда, бо зарбаи қавии худ ҳисобро баробар намуд.
Микел Оярсабал дар дақиқаи 45-уми бозӣ аз паси головари Педри истифода намуда, Испанияро дар ҳисоб ба пеш баровард. Дар дақиқаи 61-уми бозӣ Криштиану Роналдуи 40 сола ҳисобро баробар намуд.
Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт ва дар вақти иловагӣ низ ғолиб муайян нашуд. Ғолиб тариқи силсилазарбаҳои пеналтӣ муайян гардид. Тими миллии Португалия бо ҳисоби 5 бар 3 ғолибият ба даст овард. Аз ҳайати тими миллии Португалия пеналтиҳоро Гансалу Рамуш, Витиня, Бруно Фернандеш, Нуну Мендеш ва Рубен Невеш дуруст иҷро карданд. Аз ҳайати Испания Микел Мерино, Баена, Иско пеналтиҳоро дуруст иҷро карданд ва танҳо Алваро Мората иштибоҳ кард ва ғолибият насиби португалиҳо гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин унвони қаҳрамонӣ барои тими миллии Португалия дар Лигаи миллатҳо мебошад. Қаблан, дар мавсими 2018/19 тими миллии Португалия унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд. Испания бошад, қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешуд.