Португалия пас аз 25 сол муқобили Олмон ғалаба кард

Португалия пас аз 25 сол муқобили Олмон ғалаба кард

Бозии марҳилаи нимниҳоии Лигаи миллатҳои УЕФА миёни мунтахабҳои Олмон ва Португалия ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен дар ҳузури 65 823 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи тими миллии Португалия хотима ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 48-уми бозӣ аз ҷониби ниммуҳофизатгари тими миллии Олмон Флориан Виртс кушода шуд. Франсишку Консейсау пас аз 5 дақиқаи ба майдон баромадан ҳисобро баробар намуд. Криштиану Роналду дар дақиқаи 68-уми бозӣ голи ғалабаоварро барои мунтахаби Португалия ба самар расонид. Франсишку Консейсау беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.

Бо ин ғалаба тими миллии Португалия ба финали Лигаи миллатҳо роҳ ёфт ва онҷо бо ғолиби ҷуфти Испания ва Фаронса бозӣ хоҳад кард.

Охирон маротиба Португалия муқобили Олмон моҳи июни соли 2000 дар марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Аврупо муқобили Олмон бо ҳисоби 3 бар 0 зафар ёфта буд. Голҳоро Сержиу Консейсау (хет-трик) ба самар расонида буд. Сержиу Консейсау падари Франсишку Консейсау аст, ки беҳтарин бозигари дидори мунтахабҳои Олмон ва Португалия дониста шуд.