Португалия пеш аз Евро бо Исроил тамрин кард

Португалия пеш аз Евро бо Исроил тамрин кард

Дар доираи омодагӣ ба Евро-2020 дастаи мунтахаби Португалия бо тими миллии Исроил бозии рафиқона баргузор кард. Дидори тимҳо дар шаҳри Лиссабон баргузор шуда, бо натиҷаи 4:0 ба фоидаи қаҳрамони феълии Аврупо хотима ёфт. Дар ин вохӯрӣ голҳоро Бруну Фернандеш (ду гол), Жоау Канселу ва Криштиану Роналду ба ҳадаф расониданд.

Евро-2020 мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо бинобар пандемияи коронавирус, мусобиқа то тобистони соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Бозиҳо аз 11 июн то 11 июл баргузор мешаванд. Тими миллии Португалия дар марҳилаи гурӯҳии Евро-2020 бо тимҳои миллӣ Фаронса, Олмон ва Венгрия бозӣ хоҳад кард.

Бозии дӯстона

Португалия — Исроил — 4:0 (2:0)

Голҳо: Бруну Фернандеш, 42 (1:0). Криштиану Роналду, 44 (2:0). Жоау Канселу, 86 (3:0). Бруну Фернандеш, 90+1 (4:0).