Португалия роҳхати 31-уми Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро ба даст овард

Португалия роҳхати 31-уми Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро ба даст овард

Португалия дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли-2026 мунтахаби Арманистонро бо ҳисоби 9 бар 1 шикаст дод ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи “Драгао”-и Португалия баргузор шуд.

Голҳоро аз ҳайати мунтахаби Португалия Ренато Вейга дар дақиқаи 7-ум, Гонсалу Рамуш дар дақиқаи 28-ум, Жоау Невеш дар дақиқаҳои 30-юм, 41-ум, 81-ум, Бруно Фернандеш дар дақиқаҳои 45+3-юм аз пеналтӣ, 52-юм, 72-юм аз пеналтӣ ва Франсишку Консейсау дар дақиқаи 90+2-юм ба самар расониданд. Нимҳимоятгар Эдуард Сперсян дар дақиқаи 18-ум ягона голи Арманистонро марбути номи хеш намуд. Ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду бо сабаби салби салоҳият дар ин бозӣ иштирок надошт.

Мунтахаби Португалия бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳи “F” дар зинаи аввал мавқеъ гирифт. Арманистон бо 3 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳ ҷои чорумро гирифт ва натавонист ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёбад. Ирландия, ки дар гурӯҳи “F” ҷои дуюмро ишғол кард, ба плей-офф роҳ ёфт. Дар бозии охири гурӯҳӣ Ирландия бар Маҷористон бо ҳисоби 3 бар 2 дар сафар ғолиб омад. Ҳамин тавр, Ирландия аз Маҷористон дар гурӯҳ бо 10 имтиёз пеш гузашта, ба даври плей-офф рафт. Маҷористон бо 8 имтиёз марҳилаи гурӯҳиро дар ҷои сеюм ба анҷом расонид.

Ҳоло аз 48 дастаи иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, 31 дастаи иштирокчӣ маълум шудааст. Португалия роҳхати 31-умро ба даст овард ва чорумин шуда аз Аврупо ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳ ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки Амрико, Канада ва Мексика ба таври худкор ҳамчун мизбон роҳхатро ба даст овардаанд. Англия, Ҷопон, Зеландияи Нав, Эрон, Аргентина, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун, Австралия, Бразилия, Эквадор, Уругвай, Колумбия, Парагвай, Марокаш, Тунис, Миср, Алҷазоир, Гана, Кабо-Верде, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал, Кот-д'Ивуар, Қатар , Арабистони Саудӣ, Фаронса , Хорватия ва Португалия роҳхатро ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 соҳиб шудаанд.

Мунтахаби Португалия дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1966 медали биринҷӣ ба даст оварда буд, ки беҳтарин натиҷа барои ин даста маҳсуб мешавад.

Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Бори аввал дар таърих 48 даста дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 ширкат мекунад. Аргентина қаҳрамони феълӣ аст.