Президенти "Барселона" аз маҳбас озод карда шуд

Президенти "Барселона" аз маҳбас  озод карда шуд

Собиқ президенти "Барселона" Жозеп Мария Бартомеу озод карда шуд. Суди тафтишотии Испания   қарор баровард, то анҷами тафтишот муваққатан ӯро   озод кунад. Жозеп Мария Бартомеу ва дасти росташ Жауме Масферрер дар суд "аз ҳуқуқи   шоҳидӣ надодан" истифода бурданд.   Радиостансияи "Кадена СЕР" хабар медиҳад, ки   Бартомеу   як гурӯҳеро ташкил додааст, ки онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадном кардани роҳбарияти "Барселона" машғул будаанд. Корҳои тафтишотӣ дар ин бора идома доранд.