Президенти Ла Лига “Реал Мадрид”-ро танқид кард

Президенти Ла Лига “Реал Мадрид”-ро танқид кард

Президенти Ла Лигаи Испания Хавйер Тебас аз рафтори бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид”, ки ягон намояндаи ин даста ба маросими ҷоизасупории France Football нафарата буданд, интиқод кард.

“Ман мухлиси “Реал Мадрид” ҳастам. Муҳимтарин арзишҳои ин клуб сарбаландӣ ва ҳангоми аз даст додани чизе даст фишурдан мебошанд. Ман фикр мекунам, ки “Реал Мадрид” кайҳо ин рӯҳияро аз даст додааст. Онҳо бояд ба маросим мерафтанд ва системаи France Football, ки шаффоф аст ва дар он 100 рӯзноманигор овоз медиҳанд, шубҳа намекарданд. Ин амали “Реал Мадрид” нолозим ва муболиға аст. Ман намедонам, ки онҳо ба куҷо рафтан мехоҳанд. Мо дар Испания низ аз ин набудани шево азоб мекашем.” – гуфтааст, президенти Ла Лига.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28-уми октябр дар маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ” аз ҷониби “Реал Мадрид” касе дар Париж ҳузур надошт. Ин амали тими шоҳона ба он хотир гуфта мешавад, ки бозигари даста Винисиус соҳиби “Тӯби тиллоӣ” нагардид ва онро Родригои испанӣ соҳиб шуд.

Дар ин чорабинӣ “Реал” беҳтарин бошгоҳи сол ва Карло Анчелотти беҳтарин мураббии мавсим эътироф гардида буданд.