Президенти “Наполи” аз “ПСЖ” барои Кваратсхелия 200 млн евро мехоҳад

Президенти “Наполи” аз “ПСЖ”  барои Кваратсхелия 200 млн  евро мехоҳад

Президенти дастаи «Наполи» Де Лаурентис омода аст, ки вингер Хвича Кваратсхелияро ба “ПСЖ” фурӯшад.

Ба иттилои Sports Zone, одамони наздик ба вингери 23-сола ба Де Лаурентис гуфтаанд, ки “ПСЖ” омода аст барои ӯ 100 миллион евро пардохт кунад. Ба ин президенти “Наполи” посух дод, ки 100 миллион танҳо нисфи маблағест, ки вай омода аст Кваратсхелияро фурӯшад.

Қаблан агенти Хвичи изҳор дошт, ки мехоҳад ба ба дигар даста гузарад.

Ёдовар мешавем, ки Кваратсхелияи 23-сола аз тобистони соли 2022 дар тими “Наполи” бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта, Хвича дар 45 бозӣ ба майдон баромада, 11 гол ва 9 ирсоли головар анҷом дода буд.