Президенти Португалия оиди Роналду ибрози назар намуд

Президенти Португалия оиди Роналду ибрози назар намуд

Президенти Португалия Марселу Ребелу де Соуза дар бораи аҳамияти ҳамлагар Криштиану Роналду барои тими мунтахаб ибрози назар кард.

Капитани 40-сола дар бозии ниҳоии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон бо сабаби салби салоҳият ширкат наварзид. Португалия бидуни Роналду Арманистонро бо ҳисоби 9 бар 1 шикаст дод ва ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 роҳхати мустақимро ба даст овард.

“Ҳамеша ҷой барои Роналду дар тими мунтахаби Португалия вуҷуд дорад. Афсӯс, ки ӯ дар ин бозӣ набуд. Ӯ бояд хеле пушаймон бошад. Роналду натавонист дар бозие, ки сазовори бозӣ кардан буд, иштирок кунад”, - фишурдаи суханони президенти Португалия - Марселу Ребелу де Соузаро нашрияи Al Nasr Zone иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду дар бозии қаблӣ бо Ирландия барои корти сурх аз бозӣ маҳрум карда шуда буд. Бо ин корти сурх Роналду эҳтимол бозии аввалро дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз даст диҳад.