Президенти "ПСЖ" ба кори сармураббии дастааш баҳо дод

Президенти "ПСЖ"  ба кори сармураббии дастааш баҳо дод
Президенти «ПСЖ» Носир Ал-Хелаифи оиди кори Луис Энрике дар вазифаи сармураббигии даста сухан кард.

«Аз ҳолати бозии аввал таҳти роҳбарии Энрике мо хеле хушнуд будем. Ӯ воқеан ҳам бо услуби бозии мо кори зиёд анҷом дод. Мехоҳем, ки мураббӣ ба ин васила давом диҳад ва мо ҳама ӯро тарафдор ҳастем», — иқтибос меорад аз суханони Ал-Хелаифи сомонаи расмии УЕФА.

Ёдрас мекунем, ки Энрике тамриндиҳии «ПСЖ»-ро тобистони соли 2023 оғоз намуда, мӯҳлати қарордоди кории ӯ то соли 2025 аст.