“ПСВ” муқобили “Севиля” камбэк карда, роҳхати марҳилаи ҳазфиро соҳиб шуд

“ПСВ” муқобили “Севиля” камбэк карда, роҳхати марҳилаи ҳазфиро соҳиб шуд

Бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Севиля” ва “ПСВ” ба охир расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Рамон Санчес Писхуан” –и шаҳри Севиля дар ҳузури 29 403 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи тими “ПСВ” анҷом ёфт.

Нахуст, дар ҷараёни вохӯрӣ Серхио Рамос аз ирсоли головари Иван Ракитич истифода бурда, ба задани гол даст ёфт. Дар идома голи дифоъгари миҳбон - Ҷибрил Соуро довар бинобар ба дасташ расидани тӯб, ба ҳисоб нагирифт.

Дар оғози қисми дуюми вохӯрӣ Юсуф Эн-Носирӣ аз ҳайати “Севиля” ҳисоби бозиро дуболо кард. Исмоил Сайбари аз ҳайати меҳмонон дар дақиқаи 68-ум ба задани гол ноил гардид ва таносуби бозиро коҳиш дод. Дифоъагир “Севиля” Неманян Гудел дар дақиқаи 81-уми бозӣ ба таври ногаҳон тӯбро вориди дарвозаи хеш кард ва ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 90+2 ҳамлагари “ПСВ” – Рикардо Пепии амрикоӣ голи ғалабаоврро ба самар расонида, ғалабаи дастаашро таъмин кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Арсенал” ва “Ланс” дар ҳузури 59 987 нафар мухлис дар варзишгоҳи “Эмирейтс”-и шаҳри Лондон бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии бузурги “Арсенал” бо ҳисоби 6:0 анҷом ёфт.

Ҳамин тавр, дастаҳои “Арсенал” (12 имтиёз) ва “ПСВ” (8 имтиёз) роҳхати даври плей-оффро дар гурӯҳи “В” соҳиб шуданд. Дастаҳои “Ланс” (5 имтиёз) ва “Севиля” (2 имтиёз) дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум маскан гирифтаанд.