«ПСЖ» ба «Реал» халал мерасонад

«ПСЖ» ба «Реал» халал мерасонад

Бошгоҳи "ПСЖ" барои ҳимоятгари австриягии дастаи "Бавария" - Давид Алаба нисбат ба “Реал Мадрид” пешниҳоди беҳтаре хоҳад кард. Бино ба иттилои манбаъ, бошгоҳи парижӣ омода аст, ки нисбати “Реал” ба дифоъгар маоши баландтар пешниҳод кунад.

Роҳбарияти “ПСЖ” таёр аст, ки маоши солонаашро 20 миллион евро кунад. Ёдовар мешавем, ки “Мадрид” ба Алаба дар робита бо рафтани эҳтимолӣ аз дастаи Серхио Рамос таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ба ҷуз “Реал Мадрид” бозигарро “Ювентус” низ харидан мехоҳад. Шартномаи ҷавони 28-сола бо “Бавария”-и Мюнхен  тобистони соли 2021 ба итмом мерасад.