“ПСЖ” баҳри дифои қаҳрамонии ЛЧ талош дорад
Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Челси” ва “ПСЖ” баргузор гардид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бриҷ”-и шаҳри Лондон доир шуда, доварии онро Славко Винчичи словениягӣ ба уҳда дошт.
Дар ин бозӣ “ПСЖ” бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд ва аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ бо ҳисоби умумии 8 бар 2 “Челси”-ро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Ҳисобро дар оғози дидор, аниқтараш дар дақиқаи 6-уми бозӣ ҳамлагари гурҷии “ПСЖ” Хвича Кваратсхелия боз кард. Баъдан, дар дақиқаи 15-ум Брэдли Баркола бартарии парижиҳоро бештар намуд. Дар дақиқаи 62-юм Сенни Меюлю голи сеюмро зада, натиҷаро ниҳоӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи плей-офф “ПСЖ” аз рӯи натиҷаи ду бозӣ “Монако”-ро бо ҳисоби умумии 5 бар 4 шикаст дода буд. “Челси” дар марҳилаи умумии мусобиқа бо касби 16 имтиёз ҷойи шашумро ишғол намуда буд.