«ПСЖ» ба захмаш дармон пайдо кард

«ПСЖ» ба захмаш дармон пайдо кард

Пеш аз бозии “Бавария” ва “ПСЖ” ҳайати “Бавария”-ро тахмин кардан осон буд. Зеро Ханс-Дитер Флик пас аз пирӯзӣ бар “Лейпсиг” дар чемпионати дохилӣ тағйирот анҷом надод ва ҳамон бозигаронро бар муқобили “ПСЖ” ба майдон баровард. Дар ин рақобати сахту сангин силоҳи асосии Ханс-Дитер Флик, ки ӯ Левандовски ном дорад, бо сабаби осеб доштанаш иштирок накард. 

Ин мураббии олмонӣ маҷбур шуд, ки Эрик Шупо-Мотингро дар маркази ҳамла ҷой диҳад. Дастаи “ПСЖ”, ки дар финали мавсими гузаштаи ЛЧ ноком шуда буд, дар ин бозӣ бар қасди ситондани захми ҳамон финал ба майдон баромад. Дар ин набард “ПСЖ” бо се ҷанговари асосии худ – Неймар, Мбаппе ва Ди Мария ба майдон омад. Рақобати дастаҳо дар шаҳри Мюнхени Олмон доир шуда, бо натиҷаи ғайриинтизори 3:2 ба фоидаи дастаи мутахассиси аргентинӣ баргузор шуд. Гарчанде, ки мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда бошанд ҳам, аммо дар оғози дидор бо як бозигузории зебои Неймару Мбаппе ҳисоб боз шуд. Голро Мбаппе, ки дар даври 1/8 ниҳоӣ “Барселона”-ро таслими хеш намуда буд, ба самар расонид. Баъдан дар дақиқаи 28-ум Неймар бо як партофти ҷодувонааш ҳамватанаш Маркинйосро бо тӯб танҳо гузошт, ки ӯ аз ин фурсати муносиб истифода карда, ҳисобро 2:0 кард. 

Кӯшишу талошҳои мизбонон ниҳоятан самар оварду дар дақиқаи 37-ум Шупо-Мотинг як лаҳза худро Левандовски фикр намуда, натиҷаро 2:1 кард. Бо ҳамин натиҷа қисми якуми бозӣ хотима ёфт. Флик дар танаффус ба шогирдонаш чӣ маслиҳате дод, ки қисми дуюмро пурра ба даст гирифта, дар дақиқаи 60-ум Томас Мюллер бо зарбаи сар ҳисобро баробар кард. Ҳарчанд дар идомаи сабқат мизбонон талоши задани голи сеюмро доштанд, вале хати дифоъи парижиҳо ба ин иҷозат намедод. Шаш дақиқа пас аз голи Мюллер, Мбаппеи ҷавон бо голи задааш ҳисобро 3:2 намуд.

 Бо ҳамин натиҷа рақобати финалистони соли 2020 ба поён расид. Бисёре аз сарчашмаҳо менависанд, ки ин қасди ҳамон бохти финали соли 2020 аст, ки “Бавари” бо натиҷаи як бар ҳеҷ даст ёфта буд. Бояд гуфт, ки бозии ҷавобии дастаҳо санаи 13-уми апрел дар Париж баргузор мешавад.

Лигаи чемпионҳо

Даври ¼ финал

Бозии аввал

«Бавария» (Олмон) — «ПСЖ» (Фаронса) — 2:3 (1:2)

Голҳо: Мбаппе, 3 (0:1). Маркинйос, 28 (0:2). Шупо-Мотинг, 37 (1:2). Мюллер, 60 (2:2). Мбаппе, 68 (2:3).

«Бавария»: Нойер, Алаба, Зюле (Боатенг, 42), Эрнандез, Павар, Киммих, Мюллер, Коман, Горетска (Дэйвис, 33), Шупо-Мотинг, Сане.

«ПСЖ»: Навас, Маркиньюс (Эррера, 30), Кимпембе, Диалло (Баккер, 46), Дагба, Гей, Дракслер, Данилу Перейра, Ди Мария (Кин, 71), Неймар (Рафиня, 90), Мбаппе.