“ПСЖ” барои Хулиан Алварес беш аз €150 млн пешниҳод кардааст
Бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса бо “Атлетико Мадрид” барои гузариши ҳамлагари аргентинӣ Хулиан Алварес гуфтушунид оғоз кардааст. Дар ин бора нашрияи El Chiringuito хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қаҳрамони Фаронса омода аст барои харидани ҳамлагари аргентинӣ беш аз 150 миллион евро пардохт намояд.
Хулиан Алварес аз тобистони соли 2024 дар ҳайати “Атлетико” бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагари 26-сола дар 49 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон баромада, 20 гол ва 9 партофти головар анҷом додааст.
Шартномаи амалкунандаи Алварес бо бошгоҳи шаҳри Мадрид то тобистони соли 2030 идома дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз ҳоло 90 миллион евро арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки роҳбарияти “ПСЖ” Хулиан Алваресро яке аз ҳадафҳои асосии трансферии худ барои мавсими нав медонад.