“ПСЖ” бидуни мушкили муқобили “Реал Сосйедад” зафар ёфт

“ПСЖ” бидуни мушкили муқобили “Реал Сосйедад” зафар ёфт

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои “ПСЖ” ва “Реал Сосйедад” ба масофи ҳам омаданд.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Парк – де- Пранс”-и шаҳри Париж дар ҳузури 46 435 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи “ПСЖ” анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати бошгоҳи шаҳри Париж – Килиан Мбаппе аз ирсоли головари Маркинйос истифода бурда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ Брэдли Барколя голи дуюми дастаи “ПСЖ”-ро ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 6-уми март дар шаҳри Сан – Себастян баргузор мегардад.