“ПСЖ” бо арзиши 65 млн евро Гонсалу Рамушро аз “Бенфика” харидорӣ намуд

“ПСЖ” бо арзиши 65 млн евро  Гонсалу Рамушро  аз “Бенфика”  харидорӣ намуд

Рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар медиҳад, ки “ПСЖ” имкони харидории ҳамлагари португалӣ Гонсалу Рамушро аз «Бенфика» фаъол кардааст.

Ба иттилои манбаъ, «Бенфика» барои ин трансфер 65 миллион евро ва 15 миллиони дигар дар шакли мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Тобистони имсол Гонсалу Рамуш аз «Бенфика» ба ПСЖ ба иҷора гузашт. Байни дастаҳо дар бораи ҳуқуқи ҳатмии хариди бозигар банд мавҷуд буд.

Рамуш корномаи футболии худро дар тими “Оляненсе”, аз зодгоҳаш Оляу соли 2009 оғоз кардааст. Соли 2013 ӯ бозигари академияи футболи Бенфика шуд. 13-уми январи соли 2019 ӯ дар ҳайати дастаи эҳтиётии “Бенфика” В дар бозии Лигаи Про-Лигаи Португалия бо “Брага” В аввалин маротиба ба майдон баромад.

Моҳи августи соли 2019 Гонсалу шартномаашро бо “Бенфика” то соли 2024 тамдид кард. Бо тими то 19-сола ӯ дар мавсими 2019/20 дар Лигаи ҷавонони УЕФА финалист шуд, ки дар финал бар муқобили “Реал Мадрид” ду гол зад, аммо дастааш бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

21-уми июли соли 2020 Рамуш дар ҳайати асосии “Бенфика” дебюти худро анҷом дод, ки дар дақиқаи 85-уми бозии Лигаи Португалия бо “Авеш” ба ҷои Питси ба майдон баромад ва дар муддати кӯтоҳе то садои ҳуштаки ниҳоӣ ду гол зад.

Ёдовар мешавем, ки Рамуш дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “ПСЖ” 15 бозӣ анҷом дода, 2 гол задааст.