“ПСЖ” бори 14-ум ғолиби Суперҷоми Фаронса гардид
Бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” бори 14-ум дар таърих соҳиби Суперҷоми Фаронса гардид. Дар финали Суперҷоми Фаронса дар соли 2025 “ПСЖ” бар тими “Марсел” ғолиб омад. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад дар Кувайт доир шуд.
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 13-ум аз ҷониби Усмон Дембеле ба фоидаи “ПСЖ” кушода шуд. Витиня муаллифи паси головар шуд. Мейсон Гринвуд дар дақиқаи 76-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар намуд.
Дифоъгари “ПСЖ” Вилям Пачо дар дақиқаи 86-ум муаллифи худгол шуда, дар ҳисоб “Марсел”-ро ба пеш баровард. Гонсалу Рамуш дар дақиқаи 90+5-уми бозӣ аз паси головари Брэдли Баркола истифода намуда, ҳисобро баробар намуд. Ин ду бозигар аз захира ба майдон омада буданд ва бо голи худ бозиро ба силсилаи пеналтӣ бурданд.
Дар зарбаҳои пеналтӣ “ПСЖ” бо шарофати маҳорати волои дарвозабон Люка Шавалйе ба қаҳрамонӣ расид. Аз ҳайати “ПСЖ” пеналтиҳоро бе хато Гонсалу Рамуш, Витиня, Нуну Мендеш ва Дезире Дуэ ба самар расониданд.
Аз ҳайати “Марсел” Мэтт О'Райли ва Хамед Траоре пеналтиҳоро дуруст иҷро карда натавонистанд, зеро Люка Шавалйе зарбаҳои онҳоро баргардонид. Танҳо Микаэл Мурилйо аз пеналтӣ барои “Марсел” гол зад.
Қобили зикр аст, ки дар 13 мусобиқаи охирини Суперҷоми Фаронса, шурӯъ аз соли 2013, “ПСЖ” қариб ҳамеша ғолиби мусобиқа будааст. Танҳо дар мавсими 2021 ин ҷоизаро “Лилл” ба даст овард. Дар ин давра парижиҳо 12 маротиба соҳиби Суперҷом шудаанд. Дар умум, “ПСЖ” бо 14 унвони қаҳрамонии Суперҷом дар солҳои 1995, 1998, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2022, 2023, 2024, 2025 натиҷаи рекордиро дар Фаронса сабт намудааст.