“ПСЖ” дар сафар мусовӣ карду, роҳхати даври плей-оффро ба даст овард

“ПСЖ” дар сафар мусовӣ карду, роҳхати даври плей-оффро ба даст овард

Дар доираи бозиҳои даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Боруссия”-и Дортмунд ва “ПСЖ” ба масофи ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и шаҳри Дортмунд дар ҳузури 81 365 мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 1 ба анҷом расид.

Қисми аввали бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар қисми дуюми вохӯрӣ нахуст дар дақиқаи 51-уми бозӣ Карим Адейеми  аз ҳайати Дортмунд ҳисоби бозиро кушод. Бо гузаро шудани 5 дақиқа Заир Эмери аз ҳайати дастаи шаҳри Париж ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 76-ум Килиан Мбаппе дар ҳисоб дастаи Парижро ба пеш баровад, лек довари бозӣ голро бинобар ҳолати нобозӣ ба қайд нагирифт.

Бо ҳамин натиҷаи мусовӣ бозии дастаҳо анҷом ёфт. Дар бозиии дигари гурӯҳ “Милан” дар сафар муқобили “Нюкасл” бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфт.

Ҳамин тавр, дар гурӯҳи “F”, ки онро гурӯҳи марг меномиданд, дастаҳои “Боруссия”-и Дортмунд ва “ПСЖ” ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Дастаи “Милан” ба даври 1/16-ниҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Тими “Нюкасл” дар аввалин соли иштирокаш дар мусобиқаҳои аврупоӣ аз гурӯҳ баромада натавонист.