“ПСЖ” дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” бар “Ливерпул” ғолиб омад

“ПСЖ” дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” бар “Ливерпул” ғолиб омад

Бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА миёни “ПСЖ” ва “Ливерпул” баргузор гардида, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи шаҳри Париж анҷом ёфт.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”-и шаҳри Париж доир шуда, доварии онро Хосе Санчес Мартинес аз Испания ба уҳда дошт.

Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум ҳамлагари “ПСЖ” Дезире Дуэ боз кард. Дар дақиқаи 65-ум вингери даста Хвича Кваратсхелия голи дуюмро ба самар расонд.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 14-уми апрел дар варзишгоҳи “Энфилд” баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ “ПСЖ” бар “Челси” бо ҳисоби умумии 8:2 ғолиб омада буд. “Ливерпул” бошад, “Галатасарай”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба чорякниҳоӣ роҳ ёфтааст.