“ПСЖ” музокираи шартномаи нав бо Доннаруммаро қатъ кард
Роҳбарияти дастаи «ПСЖ» майли тамдиди шартнома бо дарвозабон Ҷанлуиҷи Доннаруммаро надоранд. Дар ин бора журналист Фабрис Хокинс хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, роҳбарияти тими шаҳри Париж бар ин назар аст, ки сатҳи феълии дарвозабон ба маоши афзояндаи ӯ мувофиқат намекунад. Ҳоло дарвозабон ва роҳбарияти даста барои тамдиди шартномаи нав ба мувофиқа нарасидаистодаанд.
Шартномаи Доннарумма бо “ПСЖ” то моҳи июли соли 2026 амал мекунад. “Интер” ҳоло ба Доннарумма таваҷҷӯҳ дорад.