«ПСЖ» ҷоизаи навбатиашро ба даст овард

«ПСЖ» ҷоизаи навбатиашро ба даст овард

Дар варзишгоҳи «Стад де Франс» бозии финали Ҷоми Фаронса миёни бошгоҳҳои «Пари Сен-Жермен» ва «Лион» доир шуд. Вақти асосӣ ва вақти изофанамудаи довар бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дастаҳо маҷбур шуданд, ки ба задани зарбаҳои ҷаримавии 11 метра шуруъ кунанд. Дар зарбаҳои пеналти дастаи “ПСЖ” бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуда, сазовори Ҷоми Фаронса гардид. Ҳамин тавр «ПСЖ» маротибаи 9-ум дар таърихаш ин ҷоизаро соҳиб гардид. Қаблан дастаи шаҳри Париж Ҷоми кишварашро дар солҳои 1995, 1998, 2008, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 ба даст оварда буд.