“ПСЖ” ҷойгузини Неймарро пайдо кард

“ПСЖ” ҷойгузини Неймарро пайдо кард

Бошгоҳи “ПСЖ” ният дорад, ки дар ояндаи наздик ҳамлавари ҷавони дастаи «Боруссия»-и Д Эрлинг Холандро харидорӣ кунад. Ба маълумоти сарчашма роҳбарияти дастаи шаҳри париж дар ҳоле ба харидории Эрлинг Холанд шуруъ намуд, ки шод дастаро Килиан Мбаппе ва Неймар тарк гуянд. Ҳамин тавр Холанд яке аз ҷойгузини ин ду ситора дар ҳайати “ПСЖ” хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки Эрлинг Холандро то имрӯз дастаи “Реал” харидорӣ кардан мехост, вале бо мурури вақт харидорони ин ситораи навшукуфта зиёд шуданд. Акнун “Реал”-ро мебояд, ки дар ин харидорӣ каме ҷиддитар бошад, чаро ки дар футболи имрӯза роли асосиро маблағ мебозад.

Эрлинг Холанд дар ин мавсим 9 маротиба вориди майдон шуда, ба задани 10 гол даст ёфтааст.