Рӯзе аз таърихи Бозиҳои Олимпӣ

Рӯзе аз таърихи Бозиҳои Олимпӣ

84 сол қабл, 1 августи соли 1936, дар Берлин (Олмон) маросими кушодашавии 11-ум Бозиҳои Олимпиада сурат гирифт, ки то 16 август идома ёфт. Дар бозиҳо аз 49 давлат 3961 варзишгар ширкат ва аз рӯи 19 намуди варзиш бо ҳам қувва озмуданд. Ҷесси Овенс аз ИМА дар варзиши сабук 4 медали тилло ба даст овард. Конрад Фрейи олмонӣ дар гинастикаи варзишӣ 3 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Ҷулио Гаудини аз Италия дар шамшербозӣ 3 медали тилло, 1 нуқра ба даст оварданд.

Дар Бозиҳои олимпии соли 1936 бори аввал эстафетаи оташи олимпӣ баргузор шуд, ҳамчунин бори аввал маросими ифтитоҳи бозиҳо тариқи ТВ мустақим намоиш дода шуд. 11-ум Бозиҳои Олимпиадаро Адолф Гитлер кушода эълон кард.