Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Истаравшан ботантана таҷлил гардид

Рӯзи ҷаҳонии футбол  дар шаҳри Истаравшан ботантана таҷлил гардид

Шоми 24-уми майи соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо иштироки теъдоди зиёди сокинон аз ҷумла ҷавонону наврасон Рӯзи умумиҷаҳонии футбол ботантана таҷлил гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар додааст. 

Дар қисмати ифтитоҳӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода сокинон ва меҳмонони шаҳри бостониро бо “Рӯзи умумиҷаҳонии футбол” самимона шодбош гуфта, зикр намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла футбол тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Зеро футбол дар байни ҷомеа аз маъмултарин намуди варзиш буда, дар тамоми кишвар ҳазорон мухлисону ҳаводорони худро дорад. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ оид ба нақши варзиш таъкид доштаанд: “Варзиш кафили сулҳ, дӯстӣ ва рафоқати байни халқҳост”.

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мо аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус оид ба эълон намудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул карда шуд.

Воқеан бештар аз 150 сол аст, ки дар дунё дар байни мардум бозии футбол маъмултарин варзиш ба ҳисоб меравад. Футбол аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо ва халқияту миллатҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзе кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Балки ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад ва ҳамаи халқу миллатҳоро новобаста ба хусусияти иҷтимоӣ, шаҳрвандӣ, забон ва урфу одатҳо муттаҳид мекунад.

Чӣ тавре, ки ҳамаи мо огаҳӣ дорем 22 майи соли 2025 дар Қароргоҳи Маҷмааи Созмони Миллати Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико нахустин таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол” баргузор гардид, ки дар он Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, чӣ тавре, ки таъкид доштанд “25 май аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол” эътироф карда шуда, арзишҳои меҳварии футбол, аз қабили бозии одилона, фаъолияти дастаҷамъӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ бо усулҳои Созмони Милали Миттаҳид ҳамсон мебошанд.”

Марҳалаи навини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварамон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзиш, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Истаравшан 3 адад варзишгоҳ бо 1 адад Варзишгоҳи марказӣ, 73 адад толор ва майдончаи нави замонавӣ варзишӣ, 6 адад фитнес клуб, 7 адад ҳавзи шиноварӣ фаъолият дошта, ҷавонону наврасон аз ин иншоотҳо ҳамарӯза истифода менамояд. Инчунин, боиси қайд аст, ки дар мактабҳои варзишии шаҳр 12 гурӯҳи таълими футбол бо фарогирии 300 нафар наврасону ҷавонон амал мекунад.

Ҳамзамон, дар доираи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар назди клуби футболи “Истаравшан”, Академияи махсуси футболи касбӣ барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд. Дастоварди наврасону ҷавонон давоми соли 2025 шоистаи ифтихор ва офарин аст. Аз ҷумла, варзишгарони солҳои таваллудашон 2014-2015 дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2025” иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардиданд, варзишгарони солҳои таваллудашон 2012-2013 дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ ва наврасони соли таваллудашон 2008-2009 дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Лигаи пешсаф” сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Боиси ифтихори мо аст, ки дастаи футболи Истаравшан дар баробари 12 дастаҳои дигари шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Лигаи Олии ҷумҳурӣ иштирок намуда истодааст.

Туфайли ин ғамхориҳои рӯзафзун имрӯз иштироки фаъолонаи варзишгарони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пештара эҳсос мегардад. Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шуморо бо “Рӯзи ҷаҳонии футбол” табрик намуда, иқболи баланд ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона ва музаффариятҳои пайваста таманно дорам. Бигзор Парчами давлатӣ дар бонуфузтарин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парафшонӣ кунад- афзуд раиси шаҳри Истаравшан.

Дар фестивали футбол барои кӯдакону наврасон машғулиятҳои гуногуни шавқовар доир гардида, ба иштирокчиён ва ғолибони мусобиқаҳо тӯҳфаҳо супорида шуданд. Рӯзи умумиҷаҳонии футбол дар шаҳри Истаравшан дар фазои идона ботантана таҷлил карда шуд.