Рӯзи байналмилалии Олимпӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Рӯзи байналмилалии Олимпӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Рӯзи байналмилалии Олимпиро, ки ҳар сол 23-юми  июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, мо ҳайати кормандони МД Телевизони “Варзиш” ба кулли ҳамватанони бисёр ҳам гиромӣ шодбош мегӯем!  

 Тоҷикистон чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи Олимпиро ҳамчун рӯзи баҳамоии аҳолӣ баҳри солимии тану ҷони худ ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо шаҳомати хоса таҷлил мекунад.

Боиси хушҳоливу сарфарозии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус ва роҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба уҳда доранд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯзҳо барои машқу омодагии ҷисмонии насли наврасу ҷавон тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст. Тавре, ки Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр кардаанд: “Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои ҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.


Варзишгарон муаррифкунандагони Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи байналмилалӣ ва намунаи ибрати насли наврасу ҷавон мебошанд. Имрӯз миллати тоҷик бо номи ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ – Дилшод Назаров, Юсуф Абдусаломов, Зебонисо Рустамова, Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев ифтихор мекунанд.


Солгарди 74-уми Рӯзи Олимпӣ муборак ҳамватанони азиз!