Рӯзи дуюми Tbilisi Grand Slam 2024 барои ҷудокорони тоҷик бебарор анҷом ёфт

 Рӯзи дуюми  Tbilisi Grand Slam 2024 барои ҷудокорони тоҷик бебарор анҷом ёфт
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2024 дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон ҷудокорони тоҷик ба гирифтани медал ноил нашуданд. Рақобатҳо дар рӯзи дуюми мусобиқа зери вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон ва -73 кг, -81 кг миёни мардон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг ва Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг муаррифӣ карданд.

 Ҷудокори ҷавону умедбахши тоҷик Абубакр Шеров (-73 кг) дар даври аввали мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2024 муқобили Винисиус Ардинаи бразилӣ дастболо шуда, дар даври дуюм бо Бахиджан Абдураҳмонови 24 сола аз Қазоқистон нерӯсанҷӣ кард.

Дар ин нерӯсанҷӣ Абубакр аз худ маҳорати воло нишон дода, роҳхати даври сеюмро ба даст овард ва онҷо бо ҷудокори соҳибноми ҷаҳон Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ гӯштин гирифт.

Дар ин қувваозмоӣ Абубакр хело хуб муқобили Соичи истодагарӣ кард, ва ҳатто имтиёзи вазарӣ ҳам ба даст овард, лек Ҳашимото тавонист имтиёзи иппон ба даст биёрад ва роҳашро ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намояд. Барои Абубакр мусобиқа дар ҳамин марҳилаи анҷом ёфт.

Ҷудокори дигари мо Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг дар даври аввал озод буд ва рақобатро дар даври дуюм муқобили Виктор Стерпуи 24 сола аз Молдова оғоз карда, ноком шуд. 

Пагоҳ, дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа Тоҷикистонро Аҳлия Муминова (-52 кг), Ҳақдод Гулов (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) муаррифӣ карда, ба гирифтани зинаҳои фахрӣ ноил нашуданд.