Рӯзи дуюми ҷудои Актау барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт
Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг) дар нахустин қувваозмоӣ аз намояндаи мизбон – Нуржан Биссенов бо ду “ваза-ари” мағлуб шуд.
Кароматулло Ҳакимов (-90кг) дар даври якум аз Куаниш Ратаеви қазоқ бо “иппон” дар “голден скор” ноком шуд.
Амирҷони Насимҷон (-100кг) дар даври аввал аз Адилет Сапаргалиев (Қазоқистон) шикаст хурд ва аз идомаи рақобат бенасиб монд.
Ҳамакнун, дастаи ҷудои Тоҷикистон бо як нишони нуқраи Абубакр Шеров (-66кг) мусобиқаро барои худ ба анҷом расонид.