Рӯзи гузариши Депай ба «Барселона» маълум шуд

Рӯзи гузариши Депай ба «Барселона» маълум шуд

Бино ба гузориши Sport.es ҳамлагари дастаи «Лион» ва тими миллии Нидерландия Мемфис Депай розӣ шудааст, ки ба «Барселона» гузариш кунад.

Тибқи иттилои манбаъ, гузариши ин бозигари 27-сола ҳафтаи оянда эълон хоҳад шуд. Муаррифии Депай ба ҳайси бозигари каталониҳо пас аз ба итмом расидани тими миллии Нидерланд дар чемпионати Аврупо баргузор мешавад. Интизор меравад, ки қарордоди ҳамлагар бо “Барселона” се солро дар бар гирад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Барса” бо арзиши 5млн евро бо Депай шартнома ба имзо мерасонад. Дар мавсими гузаштаи Лигаи якум Депай дар 36 бозии дастаи “Лион” ширкат намуда, ба задани 20 гол ва 10 паси натиҷаовар даст ёфтааст.