Рӯзи сеюми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 барои ҷудокорони тоҷик бебарор анҷом ёфт
Дар рӯзи охири мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 Тоҷикистонро Умар Расулов, Музамир Каримзода, Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов, Некрӯзшоҳ Некбахтзода ва Виктория Киселёва муаррифӣ карданд.
Умар Расулов (-90 кг) дар даври аввал аз Рамазон Аллабардиеви ӯзбек мағлуб шуд. Музамир Каримзода (-90 кг) дар рақобати аввал мағлуби Тселидис Теодороси юнонӣ гардид.
Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) дар даври аввал аз Давидчук Ярослави украинӣ мувоҷеҳи шикаст шуд. Бахтовар Бобохонов (-100 кг) дар даври аввал аз Поладишвили Торникеи гурҷӣ мағлуб гардид.
Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) даври аввалро озод паси сар карда, дар даври дуюм аз Свирйд Микитаи хорватӣ шикаст хӯрд.
Виктория Киселёва (+78 кг) дар даври аввал аз Маратова Назгули қазоқ мувоҷеҳи шикаст шуд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 бо 2 медал ба анҷом расонид. Абдуллои Ориф дар вазни то 73 кг медали тилло ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ гирифтанд.