Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон интихоб гардид

Раҷаббой Аҳмадзода раиси  Федератсияи камонварии Тоҷикистон интихоб гардид

Имрӯз, 26-уми май дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Зебонисо Рустамова, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ ,   вакилон ва аъзоёни федератсия иштирок карданд.

Дар натиҷа раиси вилояти Суғд – Раҷаббой Аҳмадзода бо овози якдилонаи ҳозирин раиси  Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Мирзоқосим  Каримзода ба ҳайси муовини раиси  федератсия интихоб гардиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода  пас аз интихоби ин вазифаи пурмасъулият қайд кард, ки  таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушд карда истодааст.

Яке аз намудҳои варзиш, ки аз ниёгонамон ба мо мондааст, камонварӣ мебошад. Камонварӣ навъи варзишест, ки аз қадимулайём гузаштагони мо ба он машғул мешуданд.  Бо супориши Пешвои миллат барои аз нав эҳё ва рушд додани камонварӣ ҳоло ҳама корҳои лозима анҷом дода шуда истодааст. 1 –уми апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд, ки ин боз ҳам барои рушду равнақи ин риштаи варзиш заминагузор хоҳад шуд. 

Қайд карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе низ чунин мактаби махсуси камонварӣ сохта мавриди истифода дода мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода дар навбати худ ба вакилон барои дастгириашон миннатдорӣ баён кард ва иброз дошт, ки тамоми саъю кӯшишашро мекунад, то ба боварии вакилон ва аъзои федератсия сазовор бошад.