Рақами Бэйлро дар «Реал» кӣ гирифт?

Рақами Бэйлро дар «Реал» кӣ гирифт?

Рӯзҳои охир тарк намудани Гарет Бэйл аз дастаи «Реал» ба ҳақиқат табдил меёбад. Ин уэлсии 31 сола эҳтимол аст, ки корномаи варзишиашро дар дастаи "Тоттенхэм" идома диҳад. Ҷолибияти асосии кор дар ҳамин аст, ки ҳоло Гарет Бэйл ба таври расмӣ “Реал”-ро тарк накардааст ва аллакай шумораи ӯро ба дигар футболбоз тақдим намудаанд. Сомонаи расмии Ла Лига хабар медиҳад, ки дар мавсими 2020/2021 бо рақами 11 Марко Асенсио ҳунарнамоӣ мекунад. Шумораи 20-и Асенсиоро бошад, ба Винисиус Жуниор доданд.