Рақами Пянич дар "Барселона" муайян шуд

Рақами Пянич дар "Барселона" муайян шуд

Бошгоҳи «Барселона» ба таври расмӣ Миралем Пяничро муаррифӣ кард.  Пянич дар ҳайати бошгоҳи каталонӣ зери шумораи 8 бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта ин рақам ба Артур Мело тааллуқ дошт ва қабл  аз Артур бо ин шумора яке аз беҳтарин ниммуҳофизатгарон дар таърихи «Барселона» – Андрес Инйеста бозиҳои худро доир мекард.

Ёдовар мешавем, ки «Барса» нимҳимоятгари босниягиро аз «Ювентус» бо маблағи 60 миллион ва 5 миллиони дигар ҳамчун мукофот харид.  Пянич бо «нилунориҳо» то соли 2024  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар мавсими 2019/2020-и чемпионати Италия ниммуҳофизатгари 30 сола дар 29 бозии дастааш иштирок намуда, ба задани 3 гол ва 8 ирсоли голбахшо даст ёфтааст.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит и на улице