Рақиби навбатии Лоиқ Раҷабов дар UFC маълум шуд

Рақиби навбатии Лоиқ Раҷабов дар UFC маълум шуд

Размикори тоҷик  Лоиқ Раҷабов дар ташкилоти бонуфузи  UFC қувваозмоии дуюми  худро бар зидди размикори лаҳистонӣ - Матеуш Ребекӣ баргузор мекунад.

Мубориза 24 июн дар UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора гурӯҳи Sport in Tajikistan хабар додааст.

Рақиби Лоиқ - Ребекӣ 17 ғалаба ва 1 мағлубият бо нокаут дорад. Худи Лоиқ Раҷабов бошад, дар ҳоли ҳозир  17 ғалаба, 4 бохт ва як мусовӣ дорад.

Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик, ки дар набарди аввалаш дар UFC (Ultimate Fighting Championship) пирӯз шуда, ҳамчунин дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузошт. Ӯ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом дода буд.