Рақиби Тоҷикистон нахустин бозиашро бо пирӯзӣ оғоз кард

Рақиби Тоҷикистон нахустин бозиашро бо пирӯзӣ оғоз кард

Бозии дигари даври 2-юми рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон 2022 дар гуруҳи "F"-и минтақаи Осиё бо ғалабаи Ҷопон ба анҷом расид. Барои дастаи Ҳаҷиме Мариясу ин аввалин дидор дар бозиҳои интихобӣ буд. Ҷопониҳо дар ниммаи аввал хуб дурхашида дар дақиқаи 16-ум Шоя Накаҷима ва 26-ум Такуми Минамото муаллифи голҳо шуданд. Ҳамин тавр дастаи яккачини Ҷопон се имтиёзи муҳимро соҳиб шуд. Бозиҳои навбатии дастаи Ҷопон 10-уми октябр бо яккачини Муғлуистон ва 15-уми октябр бо Тоҷикистон сурат мегиранд.