Рақибони муштзанони тоҷик дар марҳилаи 1/8-ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муайян шуд

Рақибони муштзанони тоҷик дар марҳилаи 1/8-ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муайян шуд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Туркия ду намояндаи Тоҷикистон ба марҳилаи 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар вазни сабуки то 50 килограмм Рӯҳафзо Ҳақназарова пас аз мағлуб кардани Айда Санталла бо ҳисоби 5 бар 0 ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳашро ҳамвор кард.  Дар ин марҳила рақиби муштзани кишвари мо Ингрит Валенси аз кишвари Колумбия аст.

Муштзани дигари кишвар Шоира Зулқайнарова зери вазни то 63 килограмм муқобили намояндаи Қувайт Алмутари Ноура дар 5 давр пирӯз шуду ҳамакнун дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ бо  Чеонг Хи Дун аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Муштзанони дигари кишвар Сумая Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона  Самадова (-57 кг) дар аввалин рақобатҳояшон мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд. Муштзанони кишвар зери роҳнамоии мураббӣ Мирзо Шамсиев дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок доранд.

Мусобиқа аз 6-ум то 21 –уми май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.