Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар Kazan Grand Slam 2021 маълум шуданд

Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар Kazan Grand Slam 2021 маълум шуданд

Имрӯз, 4-уми май дар шаҳри Қазони Россия маросими қуръакашии мусобиқаи Kazan Grand Slam 2021 баргузор гардид, ки дар натиҷаи он рақибони ҷудкорони мо дар марҳилаи муқаддамотӣ муайян шуданд.

-60КГ | Даври 1 | Абумуслим Қаюмзода vs Роберт Мшвидобадзе (Россия)

-60КГ | Даври 1 | Шаҳбоз Саидабуроров vs Родриго Коста Лопес

-66КГ | Даври 2 | Алиҷон Сафаралиев бо ғолиби ҷуфти Есет Куанов (Қазоқистон) - Артур ТЕ (Қирғизистон)

-66КГ | Даври 2 | Баҳром Суфиев vs Айюб Элидриси (Қатар)

-73КГ | Даври 2 | Сомон Маҳмадбеков vs Ҷалолиддин Бойназаров (Ӯзбекистон)

-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Морад Земури (Қатар)

-90КГ | Даври 1 | Комроншоҳ Устопириён бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария)

Нерӯсанҷиҳо аз 5 то 7-уми май баргузор мешаванд.

Барномаи баргузории мусобиқа:

Рӯзи якум (5-уми май):

Оғоз: 12:30

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -48kg, -52kg, -57kg

Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (6-уми май):

Оғоз: 13:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -63, -70kg;

Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (7-уми май):

Оғоз: 13:00

Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00

Занон: -78, +78kg

Мардон: -90, -100, +100kg

•   Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 1000 имтиёз, дуюм - 700 имтиёз ва сеюм - 500 имтиёз дода мешавад.

•    Ин охирин Гранд Слэм қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 аст.

•    Дар мусобиқа иштироки 416 варзишгар аз 82 давлат дар назар аст.

Манбаъ: https://judo.tj/