Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон муайян шуд

Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон муайян шуд

Нисфирӯзии имрӯз дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe маросими қуръакашии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон доир мегардад, ки дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ 531 варзишгар аз 67 давлат ва тими омехта 17 даста номнавис шудаанд.

Аз миёни варзишгарони тоҷик, ки 24 нафарро ташкил медиҳанд, ба чемпиони Осиё-2024 Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Лоиқ Қутбиддинов, Саъдӣ Маҳмадов (-60 кг), Умар Шеров (-66 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), инчунин бонувон, ки ҳамакнун ба дастаи мунтахаб шомил гардидаанд, умедҳо зиёданд.

Пас аз натоиҷи қуръакашӣ ҷудокорони тоҷик рақибони хешро муайян карданд. Миёни писарон зери вазни то 60 кг ҷудокорони мо Саъдӣ Маҳмадов бо Ли Хёнсон аз Кореяи Ҷанубӣ, Лоиқ Қутбиддинов бо Алӣ Агаммамедов аз Туркманистон ва Хайрулло Ғанизода бо Роблес Ролдан Даниел аз Испания дар даври аввал нерӯ месанҷанд.

Зери вазни то 66 кг Муқтадири Бобоҷон бо Каири Кентоку аз Ҷопон, Умар Шеров бо Сардор Раҳимов аз Туркманистон  дар даври аввал, Самиршоҳ Муҳаббатов дар даври дуюм бо Арон Габор аз Маҷористон қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни то 73 кг яке аз умедҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур Муҳиддин Асадуллоев дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Влад Митру аз Молдова ва Магомед Маштаев (IJF) , Илҳомиддин Ҷабборов дар даври аввал бо Абубакр Юсупов (IJF) нерӯсанҷӣ мекунанд.

Дар вазни то 81 кг Сунатулло Мусоев бо Мариос Капсоурос аз Юнон, Муҳаммад Юсуфзода бо Тарас Ниелзиев аз Украина, Аминҷон Абдуҷалилзода бо Миҳайо Симин аз Сербия дар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунанд.

Зери вазни то 90 кг Мусохон Ғаниев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Комеи Кавабатаи ҷопонӣ, Музаммир Каримзода дар даври аввал бо Иван Кутенков аз Украина мубориза мебаранд.

Дар вазни то 100 кг Муҳсин Малаев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Нинг Ча аз Чин ва Парвиз Абдураҳмонов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Пийерре Эдерер аз Олмон нерӯ месанҷанд.

Миёни сангинвазнҳо Фараҳманд Устопиров дар даври аввал бо Фазлиддин Рафикови ӯзбек ва Аҳмад Табаров дар ҳамин давр бо Муҳаммадмаҳдӣ Мазлумлапвандони аз Эрон қувваозмоӣ мекунанд.

Миёни бонувон пас аз натиҷаи қуръакашӣ миёни бонувон паҳлавондухтарони тоҷик рақибони хешро шинохтанд. Зуҳал Ҷумаева дар вазни то 48 кг дар даври аввал бо Ҳейди Куач аз Канада ва Розиқзода Райҳона бо Анудари Ҷамсран аз Муғулистон дар даври дуюм нерӯ месанҷанд.

Дар вазни то 52 кг аз умедҳои Тоҷикистон дар ин вазн Мадина Қурбонзода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Аружан Йережепова аз Қазоқистон мубориза мебарад.

Зери вазни то 57 кг дар даври аввал Александра Кан бо Аюсенур Карадос аз Туркия нерӯ месанҷад. Раҳмия Ханҷарбекова дар даври аввал бо Нам Юри аз Кореяи Ҷанубӣ қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни 63 кг Ҷонона Назарова дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Ника Маркулин аз Хорватия қувваозмоӣ мекунад. Дар вазни +78 кг Виктория Киселева дар даври аввал бо намояндаи Туркия - Ягмур Йилмаз нерӯ месанҷад. 

Чемпионҳои ҷаҳон байни ҷавонон дар соли 2023 Мелкия Очекорн (Фаронса) дар вазни -63 кг, Вусал Қаландарзода (Озарбойҷон) дар вазни -73 кг ва Комеи Кавабата (Ҷопон) дар вазни -90 кг дигарбора барои ҳифз кардани унвони чемпионӣ дар Душанбе талош менамоянд. Ин се нафар давоми сол дар садри радабандии ҷаҳон қарор дошт.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ҷараёни чемпионат, вохӯрии ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов бо мухлисон ба нақша гирифта шудааст.

Воқеан, Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон 5 медал дорад – 2 тилло, 3 биринҷӣ. Як медали тилло ва як биринҷиро Сомон Маҳмадбеков (2017 дар Загреб, 2019 дар Марокаш), як медали тиллоро Эмомалӣ Нуралӣ (2022 дар Эквадор), ду медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов (2017 дар Загреб) ва Абубакр Шеров (2023 дар Португалия) сазовор гаштаанд.