Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Tokyo Grand Slam 2024 муайян шуд
Нисфирӯзии имрӯз дар шаҳри Токиои Ҷопон маросими қуръакашии мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз Тоҷикистон чаҳор ҷудокор Обид Ҷебов, Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва иштирок мекунанд.
Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ванг Йиангфенг аз Чин ва Маттиа Мисели аз Италия вомехӯрад. Дар ин вазн 22 ҷудокор иштирок мекунанд.
Абубакр Шеров (-73 кг) дар даври аввал бо Иоан Житак аз Руминия гӯштин мегирад. Дар ин вазн 28 ҷудокор барои медалҳои ин вазн талош меварзанд.
Умедҷон Раҷабов (-90 кг) дар даври аввал бо намояндаи Ҷопон - Ҳидетоши Токумочи нерӯ месанҷад. Дар ин вазн 22 ҷудокор ширкат мекунанд.
Виктория Киселёва (+78 кг) дар даври аввал бо Хинран Нию аз Чин қувваозмоӣ мекунад. Дар ин вазн 18 ҷудокор барои медалҳо мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-ум ва 8-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Токио баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 274 ҷудокор (149 мард, 125 бону) аз 44 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.