Рақибони ҷудокорони тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” муайян шуданд

Рақибони ҷудокорони тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” муайян шуданд

Сайри ҷаҳонии ҷудо 24-26 июн бо мусобиқаи байналмилалии “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” идома меёбад. Ҳамчунин, ин чорабинӣ аввалин мусобиқаи системаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароқоравӣ 3 ҷудокор Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) намояндагӣ мекунанд.

Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) ва Бенс Борос (Маҷористон) қувваозмоӣ мекунад.

Беҳрӯз Хоҷазода ҷудокори дигари кишвар пас аз ду соли дур  аз тамринҳо дигарбора рӯи татамӣ баргашт ва дар даври аввали зери вазни то 73 кг,  бо ҷудокори мизбон Уранбайар Одгерел  нерӯсанҷӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков ин ҷудочиро   дар Paris Grand Slam 2021 шикаст дода буд.


Зери вазни то 90 кг кишвари моро Амирҷони Насимҷон намояндагӣ мекунад. Амирҷон дар даври аввал бо ҷудокори мизбон Мунхбайар Баттогтох  рақобат мекунад.


Ҷудокорони  мо – Сомон ва Беҳрӯз рӯзи дуюм (25 июн), Амирҷони Насимҷон рӯзи сеюм (26 июн)  рӯи татами баҳри ба даст овардани нишонҳои фахри рақобатҳоро шуруъ мекунанд.

 
Дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст.  Чун анъана қувваозмоиҳо давоми се рӯз доир мегарданд. Ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ дар назар гирифта шудааст. Ғолиби ҳар вазн соҳиби 5000 евро, барандаи медали нуқра соҳиби 3000 евро ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегардад.