Раҳматулло Фузайлов аз мақомаш истеъфо дод
Сармураббии мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон пас аз нокомӣ дар Ҷоми Осиё-2023 дар суҳбати мустақими барномаи “Баъд аз бозӣ”-и телевизиони “Варзиш” қайд кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Марид ба зикр аст, ки тобистони соли 2022 - Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) интихоб гардида буд. Ӯ дар ин вазифа Зайниддин Раҳимовро иваз кард, ки бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд ва ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз дастаи наврасон рафт.
Он вақт бо қарори ФФТ собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, ки қаблан роҳбарии бошгоҳҳои КМВА, «Куктош», «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафарободро ба уҳда дошт, сармураббии нави мунтахаби наврасони кишвар таъйин шуда буд. Ӯ дар замонҳои гуногун ёвари сармураббии дастаҳои ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон низ буд.
Ҳамин тавр, мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё -2023 бо як мусовӣ бо Чин (1:1) ва ду бохт Арабистони Саудӣ (2:0) ва Австралия (2:0) бо як имтиёз футболбозони тоҷик натавистанд, ки аз марҳилаи гурӯҳӣ ба даври плей-офф роҳ ёбанд.