Рақобатҳои даври ½ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон кай оғоз мешаванд?

Рақобатҳои даври ½ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон кай оғоз мешаванд?

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони бозиҳои даври ½ ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020-ро эълон намуданд. Бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми кишвар байни дастаҳои «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» 22-юми сентябр сурат мегирад. Вохӯрии дигар байни тимҳои «Хатлон» ва «Истаравшан» рузи 23-юми сентябр доир мешавад. Баргузории ҳарду вохӯрӣ соати 16:00 дар назар аст. 

Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври 1/2 ниҳоӣ

22 сентябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо15:00 часов

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони довар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари захиравӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Абдулло Сокиев (Душанбе).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб

23 сентябр (чоршанбе)

«Хатлон» – «Истаравшан»

Оғози бозӣ15:00 часов

Сардовар: Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварони довар: Фарҳод Қуралов (Душанбе), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари захиравӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Ориф Ҷураев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

Варзишгоҳи «Пахтакор». Бохтар